Бавуудорҷ Баасанху аввалин тиллоро дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиб шуд
Имрӯз дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оғоз шуд, ки 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи оламро ба ҳам овард. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ карданд.