Муддаиёни вазни то 73 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Муддаиёни  вазни то 73  кг дар  Dushanbe Grand Slam 2024

Рӯзҳои 3-юм то 5-уми май қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе зери вазни то 73 кг ҳоло 35 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 73 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Нилс Стамп – ҷудокори швейтсарӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2023 дар Доҳа аст. Ӯ соли 2023 дар мусобиқаи Гранд Слам дар Тел-Авив медали тилло ба даст оварда буд. Нилс соли 2021 дар Чемпинати ҷудои Аврупо дар Лиссабон медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ соли 2020 дар Гранд Слам дар Будапешт медали нуқра гирифт. Ҳамчунин, Нилс дар чемпионати Аврупо байни наврасон соли 2016 дар Малага медали биринҷӣ гирифтааст. Соли 2018 дар Гран-Прии Тбилис ӯ ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардид. Нилс соли 2022 дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар Мадрид соҳиби медали тилло шуд. Соли 2022 дар мусобиқаи кушоди Аврупо дар Оберварт ва Гранд Слами Абу – Даби мавсуф ба гирифтани нишони тилло мушарраф гардида буд. Нилс Стамп дар мусобиқа ҷудои Гранд Слами Душанбе ҳам, баҳри ба даст овардани нишони заррин талош хоҳад варзид.

Беҳрӯз Хоҷазода – ҷудокори умедбахши тоҷик дар ин вазн хоҳад буд. Ӯ дар назди ҳаводорони зиёди тоҷик танҳо баҳри зинаҳои фахрӣ талош меварзад. Соли гузашта дар мусобиқаи Гран - Прии Душанбе Хоҷазода дар финал ноком шуда, соҳиби нишони нуқра гардида буд. Инчунин ӯ дорандаи нишони нуқраи мусобиқаи “Мастерс” дар соли 2023 дар Маҷористон аст. Дар ин вазн умедҳои ҳаводорони ҷудои тоҷик барои Беҳрӯз зиёд аст.

Эрденбаяр Батзая – ҷудокори муғул аст. Ӯ ҳам дар қатори дигар муддаиёни ин вазн баҳри зинаҳои фахрӣ талош хоҳад кард. Батзая дар соли 2023 медали тиллоро дар Гранд Слами Тифлис ба даст овард. Ӯ соли 2023 дар мусобиқаи Гранд Слам дар Улан-Батор медали биринҷӣ гирифта буд.

Абубакр Шеров – паҳлавони тоҷик аст. Ӯ давоми солҳои охир дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода истодааст. Соли 2023 Шеров дар мусобиқаи Қаҳрамонии ҷаҳони наврасон нишони биринҷӣ гирифта буд. Соли 2024 ӯ аллакай дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо як дастовард дорад. Дар мусобиқаи Гранд Слами Боку - Абубакр соҳиби нишони нуқра шуда буд. Шеров дар ин вазн паҳлавони умедбахш барои дӯсторони ҷудои тоҷик маҳсуб мешавад.

Ҷек Йонезука - ҷудокори амрикоӣ дар Ҷоми ҷаҳонии наврасон соли 2022 дар Гуаякил медали биринҷӣ ва соли 2023 дар Португалия медали нуқра гирифт. Ӯ соли 2023 дар мусобиқаи кушоди Африқо дар Тунис медали тилло ба даст овард. Ҷек соли 2023 дар мусобиқаи Пан-Америка дар Кордоба пирӯз шуд. Ӯ соли 2023 дар Ҷоми Аврупо байни наврасон дар Скопйе медали тилло гирифт. Ҷек дар мусобиқаи Океанияи кушод дар Перт медали биринҷӣ гирифтааст Йонезука дар Гран – Прии Австрия дар Линз соли 2024 медали биринҷӣ гирифта буд ва яке аз муддаиён дар ин вазн дар мусобиқаи ҷудои Душанбе хоҳад буд. Падари ӯ Николас соли 1980 иштирокчии Бозиҳои олимпӣ буд ва бародараш Николаси хурдӣ низ дар мусобиқаи ҷаҳонии IJF ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар вазни то 73 кг Тоҷикистонро Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов ва Муҳаммадраҳим Сарахонов муаррифӣ мекунанд.