Шерзод Маҳамадиев - беҳтарин бозигари моҳи апрел Лигаи олӣ

Шерзод Маҳамадиев - беҳтарин бозигари моҳи  апрел Лигаи олӣ

Ҳамлавари “Регар-ТадАЗ” Шерзод Маҳамадиев беҳтарин бозигари моҳи апрел дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 дониста мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии Лигаи олӣ хабар додааст.

Муҳаммадиев дар 4 бозии дастааш дар моҳи апрел дар 3 бозӣ беҳтарин бозигари вохӯрӣ дар майдон эътироф шуда, ба задани 2 гол ноил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизадорони Лигаи олӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3 000 сомонӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.