Сомон Маҳмадбеков барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё

Сомон Маҳмадбеков   барандаи нишони биринҷии Қаҳрамонии ҷудои Осиё

Дар рӯзи дуюми Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг паҳлавони мо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) ҳунарнамоӣ карда, ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфт.

Дар даври аввал Сомон озод буд ва дар даври дуюм бо   Согайр Салике аз Чин нерӯсанҷӣ кард ва бо имтиёзи иппон зафар ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо паҳлавони ботаҷрибаи ӯзбек Шарофиддин Болтабоев гӯштин гирифта, бо имтиёзи иппон мағлуб шуд ва ба даври тасаллобахш рафт.

Дар даври тасаллобахш Маҳмадбеков бо Асад Масабирови қирғиз нерӯсанҷӣ кард. Дар ин нерӯсанҷӣ Маҳмадбеков дар даври тасаллобахш Масабирови қирғизро мағлуб кард ва дар сабқат барои медали биринҷӣ бо Жубаназари қазоқ вориди майдон шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Маҳмадбеков рақиби қазоқаш Жубаназар Абулайханро бо як вазарӣ ва ҳолати доштан дар гилем ("осаекоми") мағлуб карда, аввалин медали Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи якуми мусобиқа Обид Ҷебов дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонгконг Тоҷикистонро намояндагӣ кард. Дар даври аввал Ҷебов зери вазни то 66 кг бо ҷудокори туркман - Сердар Раҳимов нерӯсанҷӣ карда, дар вақти тиллоӣ бо як имтиёзи вазарӣ пирӯз шуд. Дар даври дуюм Ҷебов бо намояндаи Ҷопон - Хинсей Шаттори гӯштин гирифта, бо имтиёзи "осаекоми" мағлуб шуд ва аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Ҳамчунин, бинобар сабаби ба таъхир афтодани хатсайрҳо дар фурудгоҳи Дубай - ҷудокорони мо Меҳрзод Суфиев, Беҳрӯз Хоҷазода , Шодмон Ризоев ва Аҳлия Муминова дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё иштирок карда, натавонистанд.