Тчуамени пас аз бозӣ бо “Бавария” дар даври нимниҳоии ЛЧ – “Реал Мадрид”- ро беҳтарин дастаи ҷаҳон номид

Тчуамени пас аз бозӣ бо “Бавария” дар даври нимниҳоии ЛЧ – “Реал Мадрид”- ро беҳтарин дастаи ҷаҳон номид

Нимҳимоятгари бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” - Аурелйен Тчуамени бовар дорад, ки дастаи ӯ беҳтарин дар ҷаҳон аст. Ин андешаро нимҳимоятгар пас аз мусовӣ бо "Бавария" (2:2) дар меҳмонӣ дар даври нимниҳоии Лигаи Чемпионҳо изҳор дошт.

“Мо мехостем ғалаба кунем, аммо аз ҳама муҳимаш он аст, ки ҳоло бозии ҷавобиро дар майдони худ дар назди мухлисонамон мегузаронем. Мо медонем, ки мо беҳтарин дастаи ҷаҳон ҳастем " гуфтааст Тчуамени ба Movistar.

Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 8 –уми май баргузор мешавад ва дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор мешавад.