4 муштзани тоҷик бар марҳилаи ¼-ниҳоии Чемпионати ҷаҳони бокс роҳ ёфтанд

4 муштзани тоҷик бар марҳилаи ¼-ниҳоии Чемпионати ҷаҳони бокс роҳ ёфтанд

Дар шаҳри Дубайи АМА - Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс идома дорад ва рақобатҳо то марҳилаи чаҳорякниҳоӣ расиданд. Дар рӯзи шашуми мусобиқа 5 муштзани кишвари мо Меҳроҷ Суфиҷонов, Хусравхон Раҳимов, Парвиз Каримов, Довуд Маҳкамов ва Руслан Ғафуров ҳунарнамоӣ карданд.

Довуд Маҳкамов (71 кг) дар даври ҳаштякниҳоӣ дар рақобат бо намояндаи Мозамбик - Тиаго Осорио Муханга бо се корти зард муҷозот шуд ва доварон ғалабаро ба муштзани мозамбикӣ доданд.

Хусравхон Раҳимов (57 кг) дар даври ҳаштякниҳоӣ бо намояндаи Муғулистон- Энх-амар Хархуу сабқат карда, бо қарори ҷудогонаи доварон (4:3) дастболо шуда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ баромад. Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо қарори доварон (5:0) бар Мирлан Туркбай Уулуи қирғиз ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Парвиз Каримов (86 кг) дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо намояндаи Беларус - Алиаксей Алфиорау нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон (0:5) мағлуб шуд. Руслан Ғафуров (63,5 кг) дар рақобати дуюмаш бо қарори доварон аз Мақсуд Хасметови озарӣ бо ҳисоби 5:0 дучори бохт гардид.

Дар рӯзи ҳафтуми мусобиқа 4 муштзани кишвари мо Меҳроҷ Суфиҷонов, Хусравхон Раҳимов, Акмал Убайдов ва Некрӯз Салимов ҳунарнамоӣ мекунанд.

Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Ӯзбекистон - Ҳасанбой Дусматов қувваозмоӣ мекунад.Дусматов қаҳрамони ду каратаи Бозиҳои Олимпӣ мебошад. Хусравхон Раҳимов (57 кг) - дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Арабистони Саудӣ - Сигвела Масибулеле сабқат мекунад.

Акмал Убайдов (60 кг) дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Қазоқистон - Серик Темиржанов мубориза мебарад. Некрӯз Салимов (80 кг) дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо намояндаи Куба - Лопез Кардона Арлен нерӯ месанҷад.

Оғози рақобатҳо соати 18:00 ва 22:00 ба вақти Душанбе аст.

Ёдовар мешавем, ки XXIII-умин Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни мардон дар соли 2025 аз 2-юм то 13 -уми декабр дар шаҳри Дубайи АМА баргузор мегардад.

Дар мусобиқа беҳтарин муштзанҳои беш аз 120 кишвари мухталифи дунё ҳунарнамоӣ мекунанд. Муштзанҳо барои медалҳо дар 13 категорияи вазнӣ, ки аз ҷониби Шӯрои директорони IBA (собиқ AIBA) дар моҳи июли соли 2021 тасдиқ шудаанд, рақобат хоҳанд кард. Фонди ҷоизаваии мусобиқа 8,32 миллион доллар мебошад.