Ҳақназар Назаров - парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои соҳилии Осиё-2026

Ҳақназар Назаров - парчамбардори Тоҷикистон дар  Бозиҳои соҳилии Осиё-2026

Аз 22 то 30 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Саняи Чин 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё баргузор мегарданд. Ин мусобиқаи бонуфуз пас аз танаффуси 10-сола дубора роҳандозӣ шуда, таваҷҷуҳи варзишгарону мухлисонро ба худ ҷалб кардааст.

Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар риштаҳои варзиши соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ ва ҷиу-ҷитсу ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳайати Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 варзишгар - Салим Саидалиев , Фирӯза Қосимбоева, Ҳасан Боймуродов, Алиҷон Бобомуродов, Маҳмудҷон Назризода, Комил Боймуродов, Рамшед Абдуллоев, Алиризо Баҳромов, Ҳақназар Назаров ва Дадахон Қурбоналиев ташкил медиҳанд.

Паҳлавони шинохта, Ҳақназар Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа мебошад. Маросими кушодашавии мусобиқа рӯзи 22 апрел ба нақша гирифта шудааст.

Ба барномаи имсолаи Бозиҳо 14 намуди варзиш шомил буда,  варзишгарон аз 45 кишвари қора дар ин чорабинии бошукуҳи варзишӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, мусобиқаҳо аз рӯи баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод ва тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиуҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои соҳилии Осиё бори охир соли 2016 баргузор шуда буданд. Он замон мусобиқа дар кишвари Ветнам доир гардида буд. Акнун пас аз як танаффуси тӯлонӣ, ин чорабинии муҳими варзишӣ боз баргашта, барои варзишгарони минтақа имконияти нави рақобат ва нишон додани маҳоратро фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки иштироки варзишгарони Тоҷикистон дар ин Бозиҳо барои рушди варзишҳои соҳилӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида, таҷрибаи байналмилалии варзишгаронро ғанӣ гардонад.