Ғалабаи “Бетис” бар “Вилярреал” дар Севиля

Ғалабаи “Бетис” бар “Вилярреал” дар Севиля

Вохӯрии даври 20-уми Ла Лигаи Испания миёни дастаҳои “Бетис” ва “Вилярреал” ба анҷом расид. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эстадио де-ла-Картуха”-и шаҳри Севиля доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди тими “Бетис” анҷом ёфт.

Голҳои ғолибонро Руибал Гарсия дар дақиқаи 57-ум ва Пабло Форналс дар дақиқаи 83-юм ба самар расониданд. Санти Комесана аз ҳайати “Вилярреал” дар дақиқаи 76-ум корти сурх гирифта, бозибадар шуд.

Дастаи “Бетис” бо дарёфти се имтиёзи муҳим дар баробари “Виляррреал” бо 32 имтиёз дар зинаи шашуми ҷадвали мусобиқа аст. “Вилярреал” бо 41 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтааст. “Барселона” бо 49 имтиёз пешсафи ҷадвали мусобиқа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар даври ояндаи Ла Лига “Бетис” дар сафар бо “Алавес” рӯзи 26-уми январ дидор анҷом медиҳад. “Вилярреал” рӯзи 25-уми январ дар хона бо “Реал Мадрид” бозӣ мекунад.