Ғалабаи таърихии “Албасете” муқобили “Реал Мадрид”
Бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания дар мавсими 2025/2026 ба анҷом расид, ки дар он намояндаи Сегунда - “Албасете” бо намояндаи Ла Лига - “Реал Мадрид” рақобат кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Карлос Белмонте” дар шаҳри Албасете баргузор шуда, бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 3 бар 2 анҷом ёфт.
Ҳисобро дар дақиқаи 42-юм нимҳимоятгар Хави Виляр ба фоидаи “Албасете” кушод. Дар дақиқаи 45+3-юм ҳамлагари аргентинӣ Франко Мастантуоно ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 82-юм ҳамлагар Хефте Бетанкор боз “Албасете”-ро дар ҳисоб ба пеш баровард. Дар дақиқаи 90+1-юм ҳамлагари “Реал” Гонсало Гарсия голи дуюми дастаашро зада, таносубро баробар намуд. Дар дақиқаи 90+4-ум Хефте Бетанкор бори дигар гол зада, пирӯзиро таърихии “Албасете” зидди “Реал Мадрид” таъмин намуд.
Бори аввал дар таърих тими “Албасете” муқобили “Реал Мадрид” пирӯзӣ ба даст овард. Ин ҳам дар ҳолест, ки бошгоҳ дар қатори аутсайдерҳои Сегунда ҳоло қарор дорад.
Ҳамин тариқ, “Реал Мадрид” аз идомаи мубориза дар Ҷоми Испания маҳрум шуд. Ин бозӣ барои “Реал Мадрид” аввалин зери роҳбарии сармураббии нав Алваро Арбелоа буд. Қаблан ӯ дар ин вазифа Хаби Алонсоро иваз карда буд.