Ҷашни ояндасозони Ватан муборак!

Ҷашни ояндасозони Ватан муборак!

Муҳтарам ҷавонони саодатманди кишвар, пайравони Пешвои муаззами миллат, ояндасозони ватани маҳбуб, шуморо ба Рӯзи ҷавонон табрик намуда, ба Шумо дар ҷодаи ифои масъулият барору комёбӣ ва дар зиндагӣ мувафақиятҳои беназир орзу дорем.

Бунёд ва ба истифода додани шумораи зиёди иншооти замонавии варзишӣ дар қаламравӣ кишвар имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар намудаасту, солҳои охир сафи варзишгарони иштирокчӣ ва муваффақ дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ рӯ ба афзоиш мебошад. Ҳамзамон, ҳар як ҷавони ватандӯстро зарур аст, ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар Тоҷикистон ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул бошанд.

Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав, алалхусус, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ Шумо ҷавононро мебояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошед.

Боварӣ дорем, ки Шумо таҳти сиёсатҳои хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми бориз гузошта, дар иҷрои қарзи ватандорӣ сарбаландона мебароед. Идатон муборак Ҷавонони бо нанг ва ояндасози Тоҷикистон!