"Барса" мехоҳад "класико" аз нав доир шавад. Роҳбари Ла Лига пулҳоро масраф накард ва акнун дар гирдоби ҷанҷолҳо ғутавар аст

"Барса" мехоҳад "класико" аз нав доир шавад. Роҳбари Ла Лига пулҳоро масраф накард ва акнун дар гирдоби ҷанҷолҳо ғутавар аст

Дар ҳоле, ки тобистони соли 2023 президенти Ла Лига Хавйер Тебас қарор харҷ накардани се миллион евроро баровард ва аз истифодаи системаи автоматикии муайнкунандаи голҳо ба воситаи дастгоҳҳои наворбардории Hawk-Eye даст кашид, ҳамоно маълум гардид, ки дер ё зуд дар чемпионати Испания ҷанҷолҳо сар мезананд. Роҳбари Примера чунин қарорро баъди розигии бисёре аз дастаҳои испанӣ аз зумраи «Барселона» баровард, дар ҳоле, ки «Реал» зид баромада буд.

Роҳбарияти тими мадридӣ ба адолатнокии пурра изҳор намуда буд, ки чашми инсонӣ ва ҳатто системаи ВАР на ҳама вақт дақиқан муайян карда метавонад, ки тӯб дар масофаи муйян аз болои хати дарвозаро мегузарад. Аммо вобаста ба набуди системаи автоматикии муайянкунандаи голҳо на «Реал» балки «Барселона» азият дид.


Тақдир чунин шуд, ки айнан ҷанҷоли бузург на аз бози қаторӣ сар зад, балки дар «эл класико» — принсипноктарин рақобати футболи испанӣ ба миён омад. Дар дақиқаи 28-уми бозӣ  Ламин Ямали 16-сола талош кард, ки баъди зарбаи кунҷӣ тӯбро вориди дарвоза намояд. Дарвозабони «Реал» Андрей Лунин тӯбро аз болои хати дарвоза гардонид. Бозигарони  «Барселона» бовар доштанд, ки тӯб ба пуррагӣ аз хати дарвоза гузаштагӣ буд, вале довари асосӣ Сесар Сото Градо ҳатто баъди машварат бо  ВАР қарор кард, ки гол набуд. Наворҳои такрории телевизионӣ ҳам дар навбати худ аз барои набуди зовияи диди кушод навори рӯшани тасдиқкунандаро пешниҳод карда натавонистанд..

Рақобат дар пойгаи қаҳрамонӣ поён ёфт. «Реал» танбалона дар «эл класико»-и ҷашнӣ пирӯз шуд.

Чӣ тавре ёд дорем, «Реал» дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 3:2 ба шарофати голи Ҷуд Беллингем дар фурсатҳои охири рақобат пирӯзӣ ба даст овард. Бланкос аз нилунориҳо ба андозаи 11 хол бартарӣ ба каф карда, қариб ки унвони қаҳрамониро барояшон таъмин карданд. Вале баъди рақобат на натиҷаи бозӣ, балки он голи Ламин Ямал ҷанҷолҳоро ба миён овард.  

Сармураббии каталониҳо Хави дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд: «Ҳама диданд: тӯб дохили дарвозаи «Реал» шуд. Кулли чиз зидди  «Барса» иттифоқ афтод. Ҳанӯз дар оғози мавсим ман огоҳ карда будам  – ин девонагии рӯирост аст».

Дар миёни коршиносон атрофи ин қазия ақидаҳо қисмат шуданд. Собиқ довар Алфонсо Перес Буррул изҳор намуд, ки агар боварии пурра набошад, қарори дуруст боқӣ мемонад. Бо вуҷуди ин ӯ изҳор намуд, ки тӯб эҳтимолан аз болои хати гузашта буд. Ҳамкораш Итурралде Гонсалес андешаи дақиқтар дошт ва даст кашидан аз Hawk-Eye-ро қотеъона танқид кард:

«Ин сеюмин  арвоҳ-гол дар чемпионати феълӣ буд! Ҳамагӣ се миллион евро — ва маро зарур набуд, ки қарори дурустро интизор бошем!», — изҳор намуд собиқ довар ба нашрияи Marca.

Вале изҳороти аз ҳама бузургро президенти «Барселона» Жоан Лапорта намуда буд.

Ӯ қайд кард, ки бошгоҳ нияти муроҷиат ба кумитаи техникии доварони Федератсияи футболи шоҳигарии Испанияро дорад то талаб  кунад, ки таҳлили дақиқи ин қазияро ба роҳ монанд ва бо вуҷуди зарурият қарорҳои ҳуқуқӣ бароранд.

«Реал» дар оғӯши ҷоизаҳост. Ҳамчунин муштоқи чемпионии Испания мебошад

Лапорта ҳамчунин истино накард, ки агар таҳлил голи задагии «Барселона»-ро тасдиқ намояд, оиди аз нав доиркуни бозиро талаб мекунад. Роҳбари каталониҳо ҳамчунин дар бораи ҳолати рухдода дар чемпионати Белгияро ба ёд овард, ҷое, ки бозӣ миёни «Андерлехт» ва «Генк» баъди иштибоҳи ВАР аз нав доир карда шуд.

Рӯшан аст, ки дар тавзеҳоти Лапорта танқиди рӯирости президенти Ла Лига Хавйер Тебас мушоҳида нашуд. Жоан медонад, ки бо вуҷуди ҳолати мавҷудаи «Барселона» ин ҳолат метавонад бо паёмадҳои нобоб барои тимашон анҷом ёбад. Аз ин рӯ дар изҳороти хеш ӯ бештар ба фишорорӣ ба кумитаи доварон тамаркуз кард. Тебас дорои фишангҳои расонидани фишор ба бошгоҳҳо мебошад ва  «Барселона» аллакай барои мушкилоти молиявӣ ва иштирок дар лоиҳаи Суперлига дучори мушкил шуда буд. Лапорта ба таври дақиқ ҳарос дорад, ки муноқишаи ошкоро метавонад вазъи дастаро мушкилтар кунад ва аз ҷониби лига ҳам эҳтимолан таҳримҳои иловагӣ ва маҳдудиятҳо  болои тимашон ҷорӣ карда шаванд.


Аз ин рӯ Лапорта то охир ба муноқиша намеравад. Бар замми ин  Хавйер Тебас низ аллакай маҷозан ба тарафдории доварон овоз баланд кардааст. Дар шабакаҳои иҷтимоии хеш ӯ аллакай скриншотҳо бо сарлавҳаи рӯзномаҳоро оиди иштибоҳи доварон нашр кардаву бо суханони зерин шарҳ додааст: «Бидуни шарҳ». Аслан набояд харҷи се миллион евроро зиёд донист, ки барои Ла Лига пули андаку мандак мебошад. Агар чунин намешуд, ҳеҷ ҷанҷоле сар намезад.