“Барселона” ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфт

“Барселона” ба марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфт

Бозии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Испания миёни дастаҳои “Расинг” ва “Барселона” анҷом ёфт. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эл Сардинеро”-и шаҳри Сантандер доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “Барселона” фарҷом ёфт.

Голҳоро Ферран Торрес дар дақиқаи 66-ум ва Ламин Ямал дар дақиқаи 90+5-ум ба самар расониданд.

“Расинг” пешгоми ҷадвали мусобиқаи Сегунда мебошад ва бо ин бохт аз идомаи Ҷоми Испания маҳрум шуд. “Барселона” пешгоми ҷадвали Ла Лига буда, ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва пас аз натиҷаи қуръакашӣ рақиби худро пайдо хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки дастаҳои “Атлетико Мадрид”, “Барселона”, “Атлетик”, Албасете”, “Валенсия”, “Бетис”, “Реал Сосйедад” ва “Алавес” ба марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми Испания роҳ ёфтанд.

Қаҳрамони феълии Ҷоми Испания дастаи “Барселона” ба ҳисоб меравад, ки дар финал бо ҳисоби 3 бар 2 “Реал Мадрид”-ро шикаст дода буд.