«Барселона» гирифтори буҳрони молиявӣ шуд

«Барселона» гирифтори буҳрони молиявӣ шуд

Бошгоҳи «Барселона» дар сомонаи расмиаш аз кам кардани музди маоши кӯли коргаронаш хабар дод. Айни ҳол “нилунориҳо” дар ҳолати зарари молиявӣ қарор доранд. Сабаби асосии сар задани зарари молиявӣ ин хуруҷи коронавирус мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро сарсону саргардон намудааст.

Тавре хабар дода мешавад, ҳоло бояд кӯли коргарони даста вазъиятро дарк кунанд ва якчанд муддат бо музди маоши муқаррарӣ кор ва фаъолият кунанд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки аксари бозигарони даста барои кам кардани музди маошашон розӣ нестанд.

.