Беҳрӯз Хоҷазода барандаи нишони нуқраи Dushanbe Grand Slam 2024

Беҳрӯз  Хоҷазода  барандаи нишони нуқраи Dushanbe Grand Slam 2024

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam-2024 аз 11 ҷудокори тоҷик, танҳо Беҳрӯз Хоҷазода ба гирифтани нишони нуқра ноил гардид. Ҷудокорони дигари мо то ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа нарасиданд.

Беҳрӯз дар вазни то 73 кило дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм муқобили ҷудокори баҳрайнӣ Биаслан Блимготов пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври даври сеюм Хоҷазода бо Достон Шайахметови қазоқ гӯштин гирифта, дастболо гардид ва ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар ин марҳилаи Беҳрӯз бо ҷудокори муғул Эрденбаяр Батзайа нерӯсанҷӣ карда, бо имтиёзи иппон зафар ёфт ва роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд.

Дар марҳилаи нимниҳоӣ Беҳрӯз бо Муҳаммад Ҷумаеви ӯзбек қувваозмоӣ карда, муваффақ шуд. Дар финал Беҳрӯз бо ҳарифи нобоб, қаҳрамони ҷаҳон Нилс Стампи швейтсари гӯштин гирифта, мағлуб шуд ва нишони нуқраи Dushanbe Grand Slam 2024-ро ба даст овард.

Ҷудокорони дигари мо Абубакр Шеров , Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Сунатулло Мусоев, Сунатулло Лоиқов , Сайфиддин Сайфиддинзода, Раҳматуллобек Фарҳодов , Шоҳида Қаландарова ва Мавлуда Одинаева ноком шуданд.

Ғолибони мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 | Рӯзи 2-юм

Вазни -63 кг

1.Лубяна Пиовесана (Австрия)

2. Дали Лилуашвили (AIN)

3.Ива Оберан (Хорватия)

3.Амина Белкади (Алҷазоир)

Вазни -70 кг

1. Михаил Поллерес (Австрия)

2.Лара Квйетко (Хорватия)

3.Келли Поллард (Британияи Кабир)

3.Сабина Герксак (Маҷористон)

Вазни -73 кг

1. Нилс Стамп (Швейтсария)

2.Беҳрӯз Хоҷазода (Тоҷикистон)

3.Дархан Койбагар (Қазоқистон)

3.Муҳаммад Ҷумаев (Ӯзбекистон)

Вазни -81 кг

1.Ҳоҷо Йошиото (Ҷопон)

2.Вачид Борчашвили (Австрия)

3.Абулайхан Жубаназар (Қазоқистон)

3.Димитри Гочиладзе (Гурҷистон)