Беҳтарин рақобат дар таърихи UFC кадом аст?

Беҳтарин  рақобат дар таърихи UFC кадом аст?

Дэйна Уайт роҳбари ташкилоти UFC дирӯз дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди беҳтарин рақобати таърихи ташкилоти мазкур ҳарф зад. Ӯ гуфт, ки рақобати Камару Усман ва Хорхе Масвидал яке аз беҳтарин бархурдҳои ташкилоти мазкур ба ҳисоб меравад. Онро мешавад, ки бо рақобати Конор Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагамедов муқоиса кард. Аз гуфтаҳои Дэйна бар меояд, ки беҳтарин рақобат дар таърихи UFC, ин разм миёни Конор Макгрегор ва Ҳабиб Нурмагамедов ба шумор меравад.