Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" ҳаёти 41 нафарро аз миён бурд

Бозии "Ливерпул" ва "Атлетико" ҳаёти 41 нафарро аз миён бурд

Ширкати Edge Health бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Атлетико”-ро аз таҳқиқоти омӯзишии пандемияи коронавирус гузаронид.

Ба маълумоти Sunday Times дар ин бозӣ 41 фавти мухлисон бинобар сабаби хуруҷи Ковид-19 ба қайд гирифта шудааст. Мубталоёни ин беморӣ пас аз 25-30 рӯзи бозӣ фавтиданд.

Мувофиқи маълумоти коршиносони Imperial College London ва Донишгоҳи Оксфорд, дар вақти бозиҳои дастаҳои испанӣ 640 ҳазор нафар ва дар вақти бозиҳои дастаҳои англисӣ 100 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд.

Бозӣ байни тимҳои “Ливерпул” ва “Атлетико” 11-уми март дар “Энфилд” баргузор шуд, ки 52 ҳазор мухлис ин вохӯриро аз майдон тамошо намуданд.