Чемпионати Англия рӯзи баргузории бозиҳоро хабар дод

Чемпионати Англия рӯзи баргузории бозиҳоро хабар дод

Премйер Лигаи Англия дубора ба муҳлати номаълум ба таъхир гузошта шуд. Дар сайти расмии Премйер Лига омадааст, ки ба хотири номуайянии вазъияти ба амал омада, дар робита ба хуруҷи коронавирус баргузории дидорҳои боқимондаи мусобиқаи футбол кай доир мешавад, маълум нест.

Рӯзи оғози бозиҳо ба вазъияти паҳншавии Ковид - 19 вобаста хоҳад буд ва танҳо пас аз иҷозати ҳукумати ин кишвар ва Вазорати тандурустии Британияи Кабир дубора аз сар гирифта мешавад. Зимнан чемпионати Англия аз 38 давр иборат буда, то кунун 29 даври он баргузор шуда, тими “Ливерпул” садрнишини ҷадвали умумӣ маҳсуб мешавад.