Чемпионати Осиё (U-16) ба мавқуф гузошта шуд

Чемпионати  Осиё (U-16) ба мавқуф гузошта шуд

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2020 миёни бозигарони то 16-сола дар Баҳрайн бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шуд. Дар ин бора championat.asia хабар додааст.

Мусобиқаи мазкур дар ибтидо бояд дар Баҳрайн аз 16-уми сентябр то 3-юми октябр баргузор мешуд, аммо ба далели пандемияи коронавирус AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) тасмим гирифт, ки мусобиқаи қитъавӣ миёни наврасон ба моҳи ноябр мавқуф гузошта шавад.