COVID-19 аз Гвардиола модарашро гирифт

COVID-19 аз Гвардиола модарашро гирифт

Долорс Сала Каррио- модари сармураббии бошгоҳи "Манчестер сити" Хосеп Гвардиола дар шаҳри Манрес аз бемории коронавирус даргузашт. Модари Гвардиола дар синни 82-солагӣ қарор дошт.

"Ҳама ҳайати   бошгоҳ тасаллияти самимии худро ба Гвардиола, аҳли байташ ва ҳама дӯстонаш дар ин замони душвор изҳор мекунанд", зикр кард дар   Twitter саҳифаи расмии бошгоҳи " Манчестер сити".

Гвардиола соли 2016 сармураббии бошгоҳи "Манчестер сити" таъин гардид. Қаблан дастаҳои "Барселона" ва "Бавария"-ро роҳбари мекард.

Авҷи COVID-19 дар охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чумҳурии Мардумии Чин сар зада, то ба имрӯз, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 1,2 миллион нафар одамон ба ин вирус сироят ёфта, 70 ҳазор нафар ҷони хешро аз даст доданд.