Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи АМА  бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯриҳо 22 ва 24 май дар Дубай баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) 13 июн рақибонашро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар қуръакашии ин мусобиқот маълум менамояд.

Барои иштирок дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 42 даста дархост пешниҳод кардаанд.