Ду футболбози ПЛА ба Ковид-19 мубтало шуданд

Ду футболбози ПЛА ба Ковид-19 мубтало шуданд

Премйер-лигаи Англия рӯзҳои 19, 21 ва 22 май футболбозонро аз ташхиси тиббии коронавирус гузаронид. Аз ташхиси тиббӣ 996 бозигар ва коргарони дастаҳои англисӣ гузаштанд. Пас аз натиҷаи ташхис дар ду футболбоз сирояти коронавирус мушоҳида шуд. Акнун ин ду футболбоз 7 рӯз дар карантин мешинанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзҳои 17 ва 18 май шаш футболбози дигар инз гирифтори ин беморӣ шуда буданд.