Екатерина Александрова аз Коллинз шикаст хӯрда, дар мусобиқаи Майами ба финал баромада натавонист!

Екатерина Александрова аз Коллинз шикаст хӯрда, дар мусобиқаи Майами ба финал баромада натавонист!

Ракеткаи 16-уми ҷаҳон, теннисбози рус Екатерина Александрова дар мусобиқаи тенниси WTA-1000 дар Майами натавонист ба финал барояд.

Дар даври ниманиҳоӣ теннисбози рус аз ракеткаи 53-юми ҷаҳон, Даниэл Коллинзи амрикоӣ бо ҳисоби 3:6, 2:6 шикаст хӯрд. Вохӯрии теннисбозон 1 соату 15 дақиқа давом кард.

Ҳамакнун, дар финали мусобиқа Коллинз бо ракеткаи чоруми ҷаҳон, намояндаи Қазоқистон Елена Рибакина баромад мекунад. Ин бозӣ рӯзи 30-юми март барпо мегардад.

Мусобиқа дар Майами аз 19-ум то 30-юми март идома мекунад. Маблағи умумии ҷоизаҳо дар сабқати яккасаи занона 8,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Қаҳрамони феълии ин мусобиқа ракеткаи 23-юми ҷаҳон Петра Квитова аз Чехия мебошад, ки дар финал бар Елена Рибакинаи қазоқ пирӯз шуда буд.