Фаворитҳои асосӣ миёни ҷудокорони сангинвазн дар Dushanbe Grand Slam 2024

Фаворитҳои асосӣ миёни ҷудокорони сангинвазн дар  Dushanbe Grand Slam 2024

Рӯзҳои 3-юм то 5-уми май қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе зери вазни ҷамъи 100 кг ҳоло 27 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни ҷамъи 100 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Вақте мо дар бораи ҷудокорони сангинвазни  мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 ҳарф мезанем бешубҳа пешорӯи мо “Шоҳи ҷудои ҷаҳон” Тедди Ринери фаронсавӣ меояд, ки дар ин вазн ҳамто надорад. Лек мухлисони ҷудои тоҷик мехоҳанд, ки ҷудокори мо Темур Раҳимов дар ин вазн тиллоро ба касе надиҳад. Соли гузашта, Раҳимов дар финали Гран Прии Душанбе аз Темерлан Башаеви рус ноком шуда буд. Чанде пеш Темур пас аз танаффуси тӯлонӣ дар мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё рӯи татамӣ баргашт ва медали биринӣ ба даст овард.

Ба ҳамин тартиб, феҳристи иштирокчиён дар категорияи вазни ҷамъи 100 кг яке аз ҷолибтарин дар мусобиқаи мазкур аст, ки барои иштирок дар ин вазн қаҳрамони 2-каратаи олимпӣ - Тедди Ринери фаронсавӣ ба Душанбе омадааст. Инчунин дар ин феҳрист ҷудокори дӯстдоштаи тоҷик Темур Раҳимов мавҷуд аст , ки шояд мо ин ду ҷудокорро дар финали ин вазн бубинем.

Илова бар ин, қаҳрамони Аврупо дар соли 2023 ва ғолиби мусобиқаи “Masters” дар Маҷористон Марти Пумалайнен ба ин мусобиқа омадааст. Қаҳрамони Бозиҳои Осиё-2022 низ дар ҷои худ аст - Магомедомаров Магомедомар.

Ҳамзамон, дар ин мусобиқа ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо Одху Тсетсенгел баромад мекунад.