Идомаи мусобиқаҳои Наврӯзӣ дар ноҳияи Ишкошим

Идомаи мусобиқаҳои Наврӯзӣ дар ноҳияи Ишкошим

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ баргузор шуд. Чӣ тавре, ки манбаъ иттилоъ медиҳад, дар мусобиқаи мазкур беҳтарин паҳлавонон ширкат варзида, байни ҳамдигар қувваозмоӣ намуданд. Дар охир беҳтаринҳо аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.