Ҳимоягар Амар Дедич аз “Бенфика” ба "Нюкасл Юнайтед" пайваст

Ҳимоягар Амар Дедич аз “Бенфика” ба "Нюкасл Юнайтед" пайваст

Бошгоҳи футболи "Нюкасл Юнайтед" дар сомонаи расмии худ эълон кард, ки ҳимоягари тими миллии Босния ва Ҳерсеговина Амар Дедичро аз "Бенфика" шомили тим кард.

Шартномаи ин ҳимоятгар бо бошгоҳи англисӣ мӯҳлати панҷсола дорад. Ӯ дар сафи "зоғон" таҳти рақами 37 бозӣ хоҳад кард.

"Барои ман ҳамроҳ шудан ба "Нюкасл Юнайтед" эҳсоси махсус ба миён меорад ва бароям шарафи бузург аст. Аз буданам инҷо хурсандам ва бесаброна интизори оғози бозӣ барои бошгоҳ ва мухлисони тим ҳастам. Имконияти кор бо Маттиас Яйсле бори дигар барои ман омили муҳим буд (бозингар қаблан таҳти роҳбарии мураббӣ дар "Ред Булл Залтсбург" бозӣ мекард - қайди ТВ “Варзиш”). Мо якдигарро хуб мешиносем, ӯ медонад, ки дар майдон ба чӣ қодирам ва аз он ки бори дигар таҳти роҳбарии ӯ бозӣ мекунам, хеле хурсандам. Бозии Премер-лигаи Англия дар Сент-Ҷеймс Парк ҳолати махсус хоҳад буд. Ҳар як бозӣ бароямон чун як чорабинии муҳим бо фазои афсонавӣ эҳсос хоҳад шуд. Аз оғози кор дар ин масир хеле хурсандам", - иқтибос меорад хадамоти матбуоти бошгоҳ аз суханони Дедич.