Имрӯз соати 18:00 тими миллии футзали Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад

Имрӯз соати 18:00 тими миллии футзали Тоҷикистон ба Душанбе  бармегардад

Имрӯз, 29 апрел дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов пас аз таърихсозӣ дар сарзамини Тайланд дар Ҷоми Осиёи футзал ба шаҳри Душанбе бармегардад. Даста соати 18:00 вориди Душанбе мешавад.

Футзалбозони мо дар Ҷоми Осиёи футзал миёни 16 дастаи иштирокчӣ, ба чоргонаи дастаҳои беҳтарини қитъа ворид шуда, барои аввалин бор дар таърихи худ роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2024-ро ба даст овард.

Биёед ҳама якҷоя дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе футзалбозонамонро самимона ва бошукӯҳ истиқбол мегирем.