Камбэки “Барселона” дар “Камп Ноу” муқобили “Айнтрахт”
Дастаи “Барселона” дар даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар варзишгоҳи “Камп Ноу” тими “Айнтрахт”-и Франкфуртро қабул кард. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Барселона” хотима ёфт. Давиде Масса аз Италия ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.
Дар дақиқаи 21-уми бозӣ Ансгар Кнауфф дар ҳисоб “Айнтрахт”-ро ба пеш баровард. Жюл Кунде дар дақиқаҳои 50-ум ва 53-юм дубл карда, ғалабаи “Барселона”-ро таъмин намуд.
Ин аввалин ғалабаи “Барселона” дар варзишгоҳи навтаъмиршудаи “Камп Ноу” дар Лигаи Чемпионҳо мебошад.
Ҳоло “Барселона” бо 10 имтиёз дар зинаи 14-уми марҳилаи умумии гурӯҳӣ аст. “Айнтрахт” 4 имтиёз дорад ва дар зинаи 30-юм мавқеъ гирифтааст. “Арсенал” бо 15 имтиёз пешгоми ҷадвали гурӯҳ аст.