Клопп бохт аз “Аталанта”-ро бо бозӣ зидди “Барселона” дар соли 2019 муқоиса кард

 Клопп бохт аз “Аталанта”-ро бо бозӣ зидди “Барселона” дар  соли 2019 муқоиса кард

Сармураббии «Ливерпул» Юрген Клопп бохт аз «Аталанта» дар бозии аввали марҳилаи 1/4 финалии Лигаи Аврупо бо рақобат бо «Барселона» дар Лигаи чемпионҳои соли 2019 қиёс кард.

«Монандӣ дар чӣ аст? Дар ҳисоб. Вале бозиҳо куллан дигаранд. Дар Барселона мо бозии аъло доштем, вале бохтем ва ҳеҷ кас намедонист, ки чаро бохтем. Аз «Аталанта» ҳам бо чунин ҳисоб шикаст хӯрдем, вале сифати бозӣ ба таври рӯшан нисбати бозӣ бо «Барселона» пасттар буд. Он вақт мо дар сафар дучори бохт шуда будем, ваел инҷо бошад ин дар хона иттифоқ афтод. Фарқияти бузург дар ин аст. Вале инҷо ҳеҷ чизро набояд қиёс кард. Мо талош мекунем, ки дар Италия пирӯз шавем ва гап ҳам дигар ҳамин аст», — иқтибос меорад аз суханони Клопп хадамоти матбуотии бошгоҳ.

Бозии ҷавобии даври 1/4 финалии Лигаи Аврупо миёни «Ливерпул» ва «Аталанта» имрӯз, 18-уми апрел дар варзишгоҳи «Ҷевисс» дар Бергамо доир мешавад. Дар бозии нахуст бошад   «Аталанта» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.