КМВА дар бозии нахусти даври муқаддамотии ЛЧ КФО 2026/27 шикаст хӯрд

КМВА дар бозии нахусти даври муқаддамотии ЛЧ КФО 2026/27 шикаст хӯрд

Рӯзи 17-уми август дар доираи бозии даври нахусти гурӯҳи Е-и марҳилаи муқаддамотии Лигаи Чемпионҳои КФО 2026/27 бошгоҳи футболи бонувони КМВА-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор муқобили тими “Бам Хотун”-и Эрон ба майдон омада, бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Муттаассифона дар бозии нахусти даври муқаддамотӣ се имтиёзи аввал насиби рақиб шуд.

Тими бонувони КМВА-ро дар даври муқаддамотӣ ду бозии дигари гурӯҳӣ муқобили “Ал-Иттиҳод”-и Урдун (20-август) ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ (23-юми август) дар пеш аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи Е миёни тимҳои “Ал-Иттиҳод” ва “Ал-Наср” бо ҳисоби мусовии 2%2 хотима ёфт.