“Ковентри Сити” пас аз 25 сол ба Премйер-лига баргашт

“Ковентри Сити” пас аз 25 сол ба Премйер-лига баргашт

Дастаи “Ковентри Сити” таҳти роҳбарии Фрэнк Лэмпард пас аз 25 сол роҳхати бозгашт ба Премйер-лигаи Англия-ро ба даст овард.

Дар доираи бозиҳои даври 43-юми Чемпионшип “Ковентри” дар меҳмонӣ бо “Блэкберн Роверс” бо ҳисоби 1:1 мусовӣ кард. Голҳои бозиро Риоя Моришита дар дақиқаи 54-ум аз ҳайати мизбонон ва Бобби Томас дар дақиқаи 85 аз ҳайати меҳмонон ба самар расониданд.

Ин натиҷа барои “Ковентри Сити” таърихӣ гардид, зеро даста се давр пеш аз анҷоми мавсим баромаданаш ба Премйер-лига барои мавсими 2026/27-ро расман таъмин кард.

Қобили зикр аст, ки охирин бор “Ковентри” дар Премйер-лигаи Англия аз мавсими 1967/68 то 2000/01, яъне 33 сол пайдарпай бозӣ карда буд. Акнун даста пас аз танаффуси тӯлонӣ дубора ба сатҳи олӣ бармегардад.

Дар мавсими ҷорӣ “Ковентри Сити” баъди 43 бозӣ 86 имтиёз ба даст оварда, ҳамчунин камтарин бохт (ҳамагӣ 7 мағлубият)-ро дар лига сабт кардааст.

Бозгашти ин бошгоҳ яке аз рӯйдодҳои муҳим дар футболи Англия ба шумор меравад.