Криштиану Роналду оиди нақшаҳои хатми маснади варзишӣ ҳарф зад
Ҳамлавари мунтахаби Португалия ва бошгоҳи футболи «Ал-Наср» Криштиану Роналду оиди нақшаҳои хатми маснади варзишӣ сухан гуфт.
«Ояндаи ман нақшагузорӣ карда шудааст. Корҳоям ба дараҷае зиёданд ва оиди чизи гуфтан ҳам бароям мушкил аст. Футбол метавонад холигии бузурге гузорад ва мавқеи онро бояд бо тарзҳои гуногун пурра намуд. Доштани ватхушиҳои зиёд, сайёҳат, паделбозӣ, ки бароям ниҳоят маъқул аст ва албатта лаззат бурдан аз оне, ки ман аллакай ба он расидаам — ба он чизе, ки мо бо оила расидаем. Ба ҳар ҳол ин ҳам 25 соли худқурбонкуниҳо буд», — иқтибос меорад Vogue аз суханони Роналду.
Ҳамлавари 41-сола мавсими қаблӣ дар 37 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат варзида, 30 голу 3 партофти голӣ ба омор гирифт. Дар ҶҶ-2026 бошад бозигари португалӣ се маротиба ба задани гол даст ёфт.
Криштиану Роналду ғолиби панҷкаратаи Лигаи чемпионҳо, қаҳрамони Аврупо – 2016 ва ғолиби дукаратаи Лигаи миллатҳо мебошад. Ӯ дорандаи нишондодҳои рекордӣ аз рӯи шумораи голҳо дар таърихи тимҳои миллӣ, чемпионатҳои Аврупо, Лигаи чемпионҳо ва чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо аст. Ҳамзамон Роналду панҷ маротиба ба гирифтани «Тӯби тиллоӣ» даст ёфтааст.