Кумаки Федерер ба оилаҳои ниёзманд

Кумаки Федерер ба оилаҳои ниёзманд

Теннисбози маръруфи ҷаҳон ва яккачини Швейтсария Роҷер Федерер барои мубориза бо каронавирус ва дасти кумак расонидан ба оилаҳои ниёзманд 1 млн франки шветсарӣ ҷудо намуд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи расмии худ дар инстаграм хабар додааст.

Имрӯзҳо барои дасти кумак дароз кардан ба оилаҳои ниёзманд ва мубориза бар зидди вируси нобаҳангоми карона варзишгарони шинохтаи сайёра дасти кумак дароз намуда, барои пеши роҳи ин ваборо гирифтан ва ба ин васила таъмин намудани шароити мусоид барои сокинони рӯйи замин маблағҳои ҳангуфт ҷудо карда истодаанд.

Теннисбози маръруфи ҷаҳон - Роҷер Федерер бо ҳамроҳии ҳамсараш Мерке ба хулосае омаданд, ки ёрии худро дареғ надоранд ва маблағи 1 млн франки шветсариро барои оилаҳои ниёзманди Шветсария ҷудо карданд. Ин рӯзҳои мушкил ба сари ҳама аст ва фикр мекунам, ки бояд моро дар канор нагузорад. Мо бояд дарк кунем, ки дигар оилаҳое ҳастанд, ки дар ин буҳрон ниёз ба ёрии мову шумо доранд ва ин танҳо оғоз аст. Ман боварӣ дорам, ки дигарон низ бо мо ҳамроҳ шуда кумакҳои худро ба оилаҳои ниёзманд ва мубориза бар зидди каронавирус мерасонанд ва ҳамроҳ мо бар зидди ин буҳрон дастболо хоҳем гашт, навистааст Федерер дар саҳифаи расмии худ дар Инстаграм.