Леброн: "Варзиш ва сиёсат бояд миёни худ марз дошта бошанд"

Леброн: "Варзиш ва сиёсат бояд миёни худ марз дошта бошанд"

Леброн Ҷеймс ситораи машҳури баскетбол ва дастаи “Лос-Анҷелес Лейкерс” аз пӯшидани пероҳани хусусияти зидди нажодпарастӣ дошта, даст кашидааст. Ин дар ҳолест, ки НБА бо як қарор аз дастаҳо хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ҳунарнамоӣ ба истилоҳ пероҳанҳое, ки дар он шиорҳои “Ман нафас кашида наметавонам”, “Адолат”, “Моро эҳтиром намоед” навишта шудааст истифода намоянд. Леброн Ҷеймс, ки худ аз нажоди сиёҳпӯстон аст ба ин қарор зид баромада ва мегуяд, ки "Ман ин пероҳанро ба бар намекунам. Дар пероҳани ман ҳеҷ чиз навишта нашавад. Ягонхел беэҳтиромӣ нисбати дигарон вуҷуд надорад. Ман мефаҳмам онҳоеро, ки мехоҳанд дар либосашон чизе нависанд. Ман чандин андешаҳои хуб доштам, аммо онҳо ба назар нагирифтанд ҳол он, ки ман бо нажодпарастӣ ягон мушкилӣ надорам. Ман мехоҳам, ки дар пӯшти пероҳани ман чизе навишта гардад, ки ба варзиш рабт дошта бошад. Варзиш ва сиёсат бояд миёни худ марз дошта бошанд", - гуфтааст Леброн Ҷеймс.