Макони нав барои баргузор намудани разми Ҳабиб ва Тони

Макони нав барои баргузор намудани разми Ҳабиб ва Тони

Эҳтимол меравад, ки муҳорибаи Ҳабиб ва рақиби амрикоиаш дар яке аз се шаҳрҳои ИМА - Флорида, Орландо ё Тампа баргузор шавад. Феълан гуфтушунидҳои роҳбарияти UFC бо мақомоти маҳаллии шаҳри Флорида идома дорад. Худи варзишкори номӣ Ҳабиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар сӯҳбат бо ҳаводоронаш гуфтааст, ки қазия барояш умуман норӯшан аст. Ӯ гуфтааст, ки аз ҳама чиз бехабар аст ва намедонад, ки муҳориба дар куҷо баргузор мешавад ва умуман баргузор мешавад ё на.

Дана Уайт, роҳбари UFC борҳо дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон таъкид намуд, ки муҳорибаро новобаста аз ҳама чиз лағв карданӣ нест ва ҷойи мувофиқеро низ пайдо кардааст, аммо онро феълан ошкор карданӣ нест. Ӯ пешниҳод мекунад, ки бозӣ бидуни тамошобинон доир гардад.