Макони нав барои баргузории бозии «Душанбе-83» ва «Истиқлол»

Макони нав барои баргузории бозии «Душанбе-83» ва «Истиқлол»

Тибқи иттилои сомонаи расмии “Истиқлол”, бозии даври 1-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои «Душанбе-83» ва «Истиқлол» рӯзи 8-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки вохӯрии мазкур дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад, вале бо маслиҳати дастаҳо акнун бозии мазкур дар Душанбе доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки бозии мазкур бидуни мухлис баргузор шуда, мухлисон имкон доранд, ки нерусанҷии мазкурро тавассути шабакаи ТВ “Варзиш” мустақиман тамошо кунанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

Оғози бозӣ 18:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе