Мауро Икарди дастаашро иваз мекунад

Мауро Икарди дастаашро иваз мекунад

Форварди тими "Интер" - и Италия - Мауро Икарди, ки дар бошгоҳи "Пари Сен-Жермен" ба ҳайси иҷора бозӣ мекунад, бошгоҳи шаҳри Парижро тарк карда, дубора ба Италия баргаштан мехоҳад.

Дар ин бора хабарнигори La Gazzetta dello Sport иттилоъ дод.

Икарди тасмим гирифт, ки дар охири мавсим ба Италия баргардад. Ӯ хоҳиши боқӣ мондан дар бошгоҳи "ПСЖ"-ро надорад. Футболбози аргентинӣ ва завҷааш - Ванда Нара бо директори варзишии бошгоҳи "ПСЖ" - Леонардо мулоқот карда, қарорро эълон карданд.

Пас аз он "ПСЖ" дар як тамоси телефонӣ ба молики бошгоҳи "Интер" хабар дод, ки ҳозираст Икардиро бихарад навиштааст Скира.

Дар охири ин мавсим "ПСЖ" метавонад Мауроро аз "Интер" ба маблағи 70 миллион евро харидорӣ кунад.