Месси боз соҳиби “Тӯби тиллоӣ” мешавад...
Созмондиҳандагони ҷоизаи бонуфузи «Тӯби тиллоӣ» ба мухлисони футбол қоидаҳои интихоби барандаи ин ҷоизаро бори дигар хотиррасон карданд.
Дар саҳифаҳои расмии ҷоиза дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода шуд, ки оё футболбозе, ки берун аз Аврупо бозӣ мекунад, метавонад соҳиби «Тӯби тиллоӣ» гардад ё не.
Тибқи маълумот, аз соли 1956, вақте ки ин ҷоиза таъсис ёфт, он танҳо ба беҳтарин футболбози аврупоӣ, ки дар як бошгоҳи аврупоӣ ҳунарнамоӣ мекард, дода мешуд. Аз соли 1995 сар карда, ҳамаи футболбозони ҷаҳон, ки дар Аврупо бозӣ мекарданд, ҳаққи соҳиб шудан ба ин ҷоизаро гирифтанд. Ниҳоят, аз соли 2007 тамоми маҳдудиятҳо бардошта шуданд ва акнун ҳар футболбозе, новобаста аз он ки дар кадом лигаи ҷаҳон бозӣ мекунад, метавонад соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шавад.
Бо вуҷуди ин, аз соли 2007 то имрӯз танҳо як футболбоз тавонистааст ин ҷоизаро ҳангоми бозӣ берун аз Аврупо ба даст орад. Ин корро Лионел Месси соли 2023 анҷом дод, замоне ки дар ҳайати «Интер Майами» дар Иёлоти Муттаҳида ҳунарнамоӣ мекард.
Дар футболи занона низ чунин ҳолат танҳо як маротиба рух додааст. Меган Рапино, футболбози амрикоӣ, ҳангоми бозӣ дар ҳайати «Сиэтл» дар ватани худ соҳиби «Тӯби тиллоӣ» гардид.
Ба гуфтаи расонаҳо, эҳтимол роҳбарияти ҷоиза тасмим гирифтааст маҳз ҳоло ин қоидаҳоро хотиррасон кунад, зеро Лионел Месси дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 бозии дурахшон нишон дода, Аргентинаро ба финал расонд. Бо ин натиҷаҳо шонси ӯ барои ба даст овардани навбатии «Тӯби тиллоӣ» хеле боло рафтааст, гарчанде ки ҳоло дар MLS бозӣ мекунад.
Маросими супоридани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ-2026» рӯзи 26-уми октябр баргузор хоҳад шуд.