Месси сирашро ба ВАО гуфт

Месси сирашро ба ВАО гуфт

Ҳамлавари «Барселона» - Лионел Месси гуфтааст, ки тобистони соли 2016 имкон дошт, ки бошгоҳи каталониро тарк кунад. Он замон гирди номи футболбоз ва падари ӯ ҷанҷолҳои зиёд бархоста буд ва ҳарду бо ҷурми пинҳон кардани маблағҳои андозӣ дар солҳои 2007 - 2009 дар ҳаҷми 4,1 млн € ба додгоҳ кашида шуданд.

«Он замон ман мехостам равам. На ба он хотир, ки “Барса“-ро тарк кунам, балки мехостам аз Испания баромада равам. Эҳсос кардам, ки нисбати ман бадрафторӣ карданд ва хоҳиши истодан дар ин кишварро надоштам. Аммо он замон ман пешниҳоди расмӣ аз ҷониби клубҳои дигар қабул накардам, зеро ҳамагон бовар надоштанд, ки мехоҳам тарки “Барселона“ намоям.

Ман бо аҳли оилаам ба мушкили ҷиддӣ гирифтор шудем, хубии кор дар он буд, ки кӯдаконамон хурд буданд ва ин ҳамаро намефаҳмиданд. Ҳоло ман мехоҳам дар инҷо бошам ва корномаи варзишии худро бо “Барселона“ ҷамъбаст намоям», гуфтааст Месси ба сомонаҳои Mirror ва RAC1.