Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз Қирғизистон мағлуб шуд

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз Қирғизистон мағлуб шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷараёни омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 аввалин бозии санҷиширо бо тими мунтахаби Қирғизистон доир кард. Вохӯрии дастаҳо дирӯз, 16-уми январ, дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баргузор гардида, бо ҳисоби 4:2 ба фоидаи мунтахаби Қирғизистон анҷом ёфт.

Дар ҷараёни бозӣ ҳар ду даста кӯшиш карданд, ки бо истифода аз тактикаи ҳамлавӣ ва суръати баланд бартарӣ ба даст оранд. Гарчанде футзалбозони тоҷик дар баъзе лаҳзаҳо бозии хуб нишон дода, ду гол ба самар расониданд, аммо иштибоҳҳои дифоӣ ва истифодаи беҳтари имкониятҳо аз ҷониби рақиб сабаб шуд, ки пирӯзӣ насиби тими Қирғизистон гардад. Ин рақобат барои шогирдони Пайрав Воҳидов як санҷиши ҷиддӣ дар марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 ба ҳисоб меравад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар идомаи ҷамъомади таълимӣ-омодагӣ боз ду бозии санҷишии дигар анҷом медиҳад. Рӯзи 18-уми январ дастаи мо бо тими миллии Индонезия ва рӯзи 20-уми январ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ қувва меозмояд. Ҳар ду бозӣ низ дар шаҳри Ҷакарта баргузор мешаванд.

Ин силсилабозиҳо барои мунтахаби Тоҷикистон аҳамияти калон дошта, ба ҳайат имконият медиҳанд пеш аз рақобатҳои расмии Ҷоми Осиё-2026 таҷрибаи байналмилалии бештар андӯхта, омодагии ҷисмонӣ ва тактикии худро такмил диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо яккачинҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ хоҳад кард.

Ҷоми Осиё оид ба футзал аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026 дар Индонезия баргузор мегардад. Эрон қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад.