Натиҷаи бозиҳои даври 27-уми Бундеслигаи Олмон
Дар рақобатҳои даври 27-уми Бундеслигаи Олмон тими «Боруссия»-Д ба меҳмонии дастаи «Волфсбург» сафар кард. Вохӯрии бошгоҳҳо дар майдони «Фолксваген-Арена» баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба нафъи “зардҳо” хотима ёфт. Дар ин дидор голҳои меҳмононро Рафаэл Геррейра ва Ашраф Ҳакимӣ муаллифӣ намуданд. Ҳоло таваҷҷуҳ кунед ба натиҷаи бозиҳои дигари даври мазкур.
Чемпионати Олмон. Бундеслига. Даври 27-ум
«Падерборн» (Падерборн) — «Хоффенхайм» (Зинсхайм) — 1:1 (1:1)
Голҳо: Србени, 9. — Сков, 4.
«Фрайбург» (Фрайбург) — «Вердер» (Бремен) — 0:1 (0:1)
Гол: Биттенкурт, 19.
«Волфсбург» (Волфсбург) — «Боруссия» (Дортмунд) — 0:2 (0:1)
Голҳо: Геррейру, 32. Ҳакимӣ, 78.
«Боруссия» (Менхенгладбах) — «Байер» (Леверкузен) — 1:3 (0:1)
Голҳо: Тюрам, 52. — Хавертс, 7, 58 (пеналти). Бендер, 81.