Пирӯзии муштзанҳои навраси тоҷик дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё дар Остона

Пирӯзии муштзанҳои навраси тоҷик дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё дар Остона

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни муштзанҳои 17-18 сола дар шаҳри Остона варзишгарони мо Муинхуҷа Муминов (48 кг), Мусаб Мирзоев (60 кг) ва Руслан Ғафуров (63, 5) пирӯзӣ ба даст оварданд Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) ва Баҳромбек Ҳотамов (71 кг) дар рақобатҳои аввал мағлуб шуданд.

Муинхуҷа дар даври аввал намояндаи Муғулистон Бат - Иридиу Давгадорҷро мағлуб кард. Мусаб дар даври аввал намояндаи Тайпеи Чин - Куо Шенг Чиро шикаст дод.

Руслан дар рақобати аввал муқобили муштзани қирғиз Бектур Турдабоев зафар ёфт. Меҳроҷ дар даври аввал аз Зафарбек Комилови қирғиз ва Баҳромбек аз муштзани ӯзбек ноком шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқа 130 муштзанбону ва 267 муштзани мард аз саросари Осиё барои 50 медали тилло мубориза мебаранд ва ваъда медиҳанд, ки вохӯриҳои ҷолибтаре дар пеш хоҳанд буд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба бокс   аз 25-уми апрел то 8-уми май миёни муштзанони  то 18 ва  22 сола  байни писарону духтарон  дар Қазоқистон  баргузор мегардад.