«ПСЖ» ҷойгузини Неймарро пайдо кард

«ПСЖ» ҷойгузини Неймарро пайдо кард

Форварди ҷавони дастаи «Манчестер Юнайтед» - Маркус Рэшфорд эҳтимол аст Неймарро дар «Пари Сен-Жермен» иваз намояд. Тибқи иттилои The Independent сармураббии кунунии парижиҳо - Томас Тухел аз роҳбарияти даста хоҳиш намудааст, ки Маркус Рэшфорди 22 соларо ҳамчун ҷойгузини Неймар харидорӣ намояд. «МЮ» бошад, барои ситорааш зиёда аз 100 млн фунт талаб дорад.

Дар сурати гузариши Неймар ба “Барселона” дастаи “ПСЖ” маҷбур мешавад, ки барои харидории Рэшфорд 100 млн фунт харҷ кунад. Қарордодри ҳамкории Рэшфорд бо “МЮ” то соли 2023 амал мекунад. Дар мавсими ҷории ПЛА Рэшфорд дар 28 бозӣ ширкат карда, ба задани 16 гол ва 7 паси головар даст ёфтааст.