«Реал» 100 млн евроро қурбони ситораи «МЮ» мекунад

«Реал» 100 млн евроро қурбони ситораи «МЮ» мекунад

Роҳбарияти бошгоҳи “Реал” нақша дорад, ки тобистони соли ҷорӣ ситораи «Манчестер Юнайтед» Пол Погбаро харидорӣ кунад. Чӣ тавре, ки манбаъ менависад, худи сармураббии “Реал” Зидан аз президенти даста хоҳиш намудааст, ки Погбаро харидорӣ намояд. Бошгоҳи испанӣ омода аст, ки барои қаҳрамони феълии ҷаҳон 100 млн евроро пардохт кунад. 

Маврид ба ёдоварист, ки Погба соли 2016 бо арзиши 105 млн евро аз “Ювентус” ба “МЮ” гузариш намуда буд.




sma