“Реал” баъди мағлуб кардани қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо шаш маротиба ғолиби ин мусобиқа шудааст

“Реал” баъди мағлуб кардани қаҳрамони феълии Лигаи Чемпионҳо  шаш маротиба ғолиби ин мусобиқа шудааст

Дастаи “Реал Мадрид” ба шарофати пирӯзӣ бар «Манчестер Сити» бо ҳисоби 4:4 (4:3 – аз рӯи пеналти) дар даври 1/4 ниҳоӣ ба марҳилаи ниманиҳои Лигаи Чемпионҳо роҳхат гирифта буд.

«Бланкос» шаш маротиба ғолиби Лигаи Чемпионҳо шудаанд, баъди оне, ки қаҳрамони феълии мусобиқаро шикаст додаанд. Маротибаи ягонае, ки чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст, дар мавсими-1963/1964 рух дод, замоне, ки «Реал» дар марҳилаи чорякниҳоӣ ғолиби феълии онвақтаи мусобиқа «Милан»-ро (4:1) шикаст дода буд ва дар финал аз «Интер» (1:3) мағлуб шуд.

Дар марҳилаи ниманиҳоӣ «Реал» бо «Бавария» бозӣ намуда, бозии нахуст рӯзи 30-юми апрел ва бозии ҷавобӣ санаи 8-уми май доир мешавад.

«Манчестер Сити» бошад ғолиби феълии Лигаи чемпионҳо буда, мавсими қаблӣ дар финал дастаи Хосеп Гвардиола «Интер»-и Миланро бо ҳисоби 1:0 ба шарофати голи нимҳимоягар Родри шикаст дода буд.