“Ростов” аз рафтани Муҳаммад Муҳибӣ аз даста хабар дод

“Ростов” аз рафтани Муҳаммад Муҳибӣ аз даста хабар дод

Нимҳимоятгари эронии бошгоҳи футболи “Ростов” Муҳаммад Муҳибӣ бо сабаби ба охир расидани шартномаи меҳнатиаш дастаро тарк кардааст. "Зарду-кабудҳо" дар ин бора дар саҳифаи расмии хеш дар шабакаи Telegram хабар доданд.

"Шартномаи Муҳаммад Муҳибӣ бо “Ростов” тобистони имсол ба охир расид. Мо аз Муҳаммад барои солҳои бо дастаи мо гузаронидааш самимона ташаккур мегӯем. Ба ӯ дар фаъолияти ояндааш муваффақият ва барори кор орзу мекунем!", - гуфта мешавад дар изҳороти расмии бошгоҳи футболи “Ростов”.

Муҳаммад Муҳибӣ аз моҳи июли соли 2023 дар сафи “Ростов” бозӣ намуда, дар ин муддат ӯ дар ҳама мусобиқаҳо 80 бозӣ барои даста анҷом дод ва 15 голу 11 партофти голӣ ба омор гирифт. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории футболбози эронӣ 2,5 миллион евроро ташкил медиҳад.