Сабқати довталабон миёни бонувон — 2024: рӯйхати бозиҳои рӯзи 18-уми апрел

Сабқати довталабон миёни бонувон — 2024: рӯйхати бозиҳои рӯзи 18-уми апрел

Имрӯз, 18-уми апрел бозиҳои даври 12-уми Сабқати довталабон миёни бонувон оиди шоҳмот – 2024 дар маҷмааи    «Зе Грейт Холл»-и шаҳри Торонто доир мешаванд.

Екатерина Лагно (Россия) - Лэй Тинсзе (Чин).

Анна Музичук (Украина) — Рамешбабу Вайшали (Ҳиндустон).

Александра Горячкина (Россия) - Хампи Конеру (Ҳиндустон).

Нургул Салимова (Булғористон) - Тан Чжунйи (Чин).

Мусобиқа то рӯзи 23-юми апрел идома ёфта, нафари ғолиб ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 48 ҳазор евро ва иловпулиҳо дар ҳаҷми 3500 евро баҳри ним хол ба даст меорад.

Ёдовар мешавем, ки роҳхати аввалини сабқати довталабонро ноиб-қаҳрамони феълии ҷаҳон ба даст меорад. Се квотаи дигар бошад насиби ғолиб ва ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳон мегардад. Боз ду роҳхати дигарро иштирокчиёни сабқати финалии Grand Swiss мегиранд.