Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид

Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар мусобиқа паҳлавонони шинохтаи тоҷик Саидҷамол Алиманов, Улуғбек Раҳимов, Ғазалшоҳи Давлатшоҳ, Шакармамад Мирмамадов, Зафар Олимшоев, Субҳиддин Халилзода, Мирзоҷамил Рамазонов, Бачаҷон Қаҳҳоров, Амриҷони Насимҷон, Шаҳриёр Акбарзода, Рашид Зиёбеков, Комрон Карлеков, Ҳайдари Саидкабирзода, Муслимбек Қайюмов ва дигарон иштирок карда, бар ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати олии варзишӣ нишон дода, пирӯз гардиданд. Баъди ҳар давр аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон дар маросими тантанавӣ туҳфаҳои қиматнок, аз қабили мошинҳои сабукрав, уштур, асп, гов, гӯсфанд, телевизор, мошинаи ҷомашӯӣ, қолин, маблағҳои пулӣ ва ғайра тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар ин мавзеи хушбоду ҳаво барои тамошои мусобиқа ҳаводорони гӯштин бо теъдоди беш аз 20 ҳазор ҷамъ омада, паҳлавонони дӯстоштаашонро аз аввал то охири рақобат мухлисӣ карда, ба ҳунари онҳо каф мекӯбиданд ва аҳсану офарин мехонданд.

Дар ин мусобиқа аз ҷониби ташкилкунандагон Шоҳҷоиза- ду мошини сабукрав гузошта шуда буд. Ҳамин тавр, Саидҷамол Алимардонов аз ноҳияи Темурмалик ва Бачаҷон Қаҳҳоров аз ноҳияи Восеъ байни ҳам рақобати ҷолиб намуданд. Дар ниҳоят бо усули хеле зебо Саидҷамол Алимардонов Бачаҷон Қаҳҳоровро мағлуб намуда, сазовори Шоҳҷоиза- мошини сабукрави тамғаи «Опел вектра» гардид.

Барои Шоҳҷоизаи дуюми мусобиқа ду паҳлавони ҷавони тоҷик- Шаҳриёр Акбарзода аз толори варзишӣ ба номи Садриддин Обидов ва Мирзоҷамил Рамазонов аз толори варзишии Парвиз Собиров рақобат намуданд. Ин паҳлавонон байни ҳам тақрибан як соат гӯштин гирифтанд, вале ғолиб маълум нагардид. Дар охир Шоҳҷоизаи дуюм аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Темурмалик ҳадя гардид.