Салоҳ бо “Ливерпул” ба Милан сафар накард...

Салоҳ бо “Ливерпул” ба Милан сафар накард...

Ҳамлагари мисрӣ Муҳаммад Салоҳ бо ҳайати дастаи “Ливерпул” барои бозии сафарӣ бо дастаи "Интер" ба шаҳри Милани Италия барои бозии даври 6-уми марҳилаи умумии гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо сафар накард. Ин қарорро роҳбарият ва сармураббӣ Арне Слот қабул карданд.

Ҳайати “Ливерпул”, ки дар вебсайти расмии клуб нашр шудааст, аз ҷумла Алиссон, Гомес, Ван Дейк, Конате, Керкез, Виртс, Собослаи, Исак, Макаллистер, Брэдли, Ҷонс, Экитике, Мамардашвили, Робертсон, Вудман, Гравенберх, Нйони, Нгумоа ва Лаки мебошанд.

Қаблан Салоҳ аз муносибати сардаш бо сармураббии тим Арне Слот ҳарф зада буд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки сармураббӣ дар се бозии пайиҳам Салоҳро дар захира нигоҳ дошт ва ба майдон набаровард.