Себастян Аллер аз "Боруссия"-и Дортмунд меравад!

Себастян Аллер аз "Боруссия"-и Дортмунд меравад!

Дастаи Эдин Терзич фурӯши ҳамлавари африқоии худ Себастян   Аллерро ин тобистон истисно намекунад. Ҳамлавар бошад худ бар ивази 31+4 млн евро ба шаҳри Дортмунд омада буд ва мавсими гузашта аз саратон муолиҷа мегирифт.

Бино ба маълумоти журналист Патрик Бергер ояндаи ҳамлавари мунтахаби Котдивуар дар бошгоҳи дортмундӣ норӯшан боқӣ мемонад – истисно намекунанд, ки Аллер дар равзанаи тобистонаи трансферӣ фурӯхта мешавад.

Қайд карда мешавад, ки будани ин футболбоз дар будани “Боруссия”-и Дортмунд дар мавсими баъдии Лигаи Чемпионҳо вобастагӣ хоҳад дошт. Дар омади гап дар бозии нахуст зидди “Атлетико”- Мадрид голи ҷавобии олмониҳоро Аллер ба самар расонида буд.

Интизор меравад, ки аз барои рафтани Аллер “Боруссия” пули камтар мегирад – тобистони соли 2022 ҳамлавари мазкур аз тими “Аякс” бар ивази нархи рекордии 31+4 млн евро омада буд.