Суханони сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Афғонистон

Суханони сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо Афғонистон

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов интизориҳои худро аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Афғонистон, ки рӯзи 24 апрел дар Бангкок баргузор мешавад, баён кард.

«Аз он натиҷае, ки то имрӯз ба даст овардем, фахр мекунем. Мо дар як гурӯҳи қавӣ будем ва бозӣ бо қаҳрамони феълии Осиё тими Ҷопон хеле душвор буд, аз ин рӯ, мо хеле шодем, ки ба даври чорякниҳоӣ баромадем. Аммо ҳоло мо бо тими миллии Афғонистон боз як рақобати душвор дорем. Аз қувваи рақиб огоҳ ҳастем, чанд бор бо ҳамдигар бозӣ кардаем ва медонам, ки ин дастаи пурқувват аст. Онҳоро мешиносем ва онҳо низ моро хуб мешиносанд.

Ҳадафи аслии мо дар Ҷоми Осиё-2024 то ҳадди имкон пеш рафтан ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон шудан аст. Умедворам, ки мо ба комёбӣ ноил шуда, ба даври ниманиҳоӣ мебароем», – гуфт сармураббии тими миллии Тоҷикистон Пайрав Воҳидов қабл аз бозӣ бо дастаи Афғонистон.